Бино ба гузориши хабаргузории ABNA, Вазорати мудофиаи Русия имрӯз, панҷшанбе, гузориш дод, ки системаҳои пудофоти ҳавоии ин кишвар беш аз 100 фарванд паҳподи мутаҷовизи Укроиниро бо муваффақият сарнагун карданд.
Бино ба эъломи ин расона, Вазорати мудофиаи Русия дар ин хусус эълом кард: "108 фарванд паҳподи Укроинӣ дар тӯли шаби гузашта дар фазои манотиқи мухталифи Русия аз ҷумла Брянск, Смоленск, Твер ва Новгород раҳгирӣ (боздошт) ва нобуд карда шуданд."
Дар ҳамин иртибот, хабаргузории Алҷазира эълом кард: "2 нафар дар ҳамлаи паҳподии Укроин ба минтақаи Брянски Русия захмӣ шуданд."
Бо вуҷуди баргузории чанд давра музокирот, ҷанг байни Русия ва Укроин идома дорад.
Масъалаҳои заминӣ (сарзаминӣ) ҳанӯз ҳам муҳимтарин монеа ба натиҷа расонидани музокироти байни ду тараф мебошад.
Your Comment